مسألة № 00784

Домуллои азиз. Ояти 53-уми сураи "Зумар"-ро муфассалтар мефаҳмондед. Сипосгузорам.

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Ояти 53-уми сураи "Зумар"-ро муфассалтар мефаҳмондед. Сипосгузорам.

Саволдиҳанда:Султон.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин оят Ҳақ таъоло бо ҳадафи гиромидошти бандагон ононро ба худаш нисбат дода, сипас зиёдаравию нофармонӣ ва иртикоби гуноҳони онҳоро зикр мекунад, ба дунболи ин онҳоро аз ноумед шудан аз раҳматаш манъ карда, ба Расулаш (с) хитоб карда, мефармояд: “Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст”. Ин оят умедбахштарин оят дар Китоби Худо аст, зеро бузургтарин башорати Ҳақ таъолоро барои бандагонаш дар бар дорад. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Дӯст надорам, ки дунё ва он чи дар он аст, дар баробари ин оят ба ман бидиҳанд”. Марде гуфт: Ё Расулаллоҳ! Пас касе, ки ширк варзидааст, чӣ? Расули Худо (с) лаҳзае сукут карда, он гоҳ фармуданд: “Огоҳ бошед, ҳатто омурзида мешавад касе, ки ширк варзидааст” ва ин суханро се бор такрор намуданд. Яъне шахсе, ки ширк варзида, сипас аз ширки худ тавба кардааст, низ мавриди омурзиш қарор мегирад. Дар баёни сабаби нузули ин оят аз Ибни Аббос (р) ривоят кардаанд, ки фармуд: “Ҷамъе аз мушрикон муртакиби қатлу қитол ва зинову фаҳшои бисёр шуда буданд. Сипас назди Пайғамбар (с) омада гуфтанд: “Ба ростӣ он чи ту мегӯӣ ва ба он фаро мехонӣ, бисёр зебо ва некӯст, аммо оё метавонӣ ба мо хабар диҳӣ, ки бо ин ҳама гуноҳе, ки анҷом додаем, барои мо тавбае ҳаст? Оё барои он чи мо кардаем, каффорате вуҷуд дорад?”. Дар посухи онҳо оятҳои 68-70-уми сураи “Фурқон” ва ҳамин оят нозил шуд. 

2017-01-11
4468
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43