مسألة № 00789
Дар бораи Абӯҳурайра (р) каме маълумот медодед, ки он чанд ҳадис ривоят кардаанд. Ман ӯро дӯст медорам ва мехоҳам аз таърихаш огоҳ бошам.
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар бораи Абӯҳурайра (р) каме маълумот медодед, ки он чанд ҳадис ривоят кардаанд. Ман ӯро дӯст медорам ва мехоҳам аз таърихаш огоҳ бошам.
Саволдиҳанда: Муҳаммад.
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар номи Абӯҳурайра (р) миёни уламо ихтилофи назар аст, аммо назари дуруст он аст, ки номи ӯ Абдурраҳмон ибни Сахр аст. Сабаби куня гирифтани ӯ бо “Абӯҳурайра” он аст, ки рӯзе гурбачаеро дар остини худ гузошта буд. Паёмбар (с) аз ӯ пурсиданд: Дар остинат чист? Ӯ гуфт: Гурба. Паёмбар (с) фармуданд: Эй Абӯҳурайра!. Бинобар ин, ӯро бештар бо куняи Абӯҳурайра садо мезаданд.Ӯ аз қабилаи Давс буд ва соли ҳафтуми ҳиҷрӣ ислом оварда, бо Паёмбар (с) дар ҷанги Хайбар ширкат намуд. Аксар вақт ҳамроҳи Паёмбар (с) буд ва бо қути лоямут қаноат карда, аз Ӯ (с) сабақ меомӯхт. Ӯ чанд муддате волии Мадина буд, Ҳазрати Умар (р) ӯро ҳокими Баҳрайн таъйин намуд, сипас ӯро аз кор сабукдӯш намуд. Ӯ яке аз фуқаҳои саҳоба (р) ва ҳофизони ҳадис ба шумор меравад. Аз ӯ бештар аз ҳаштсад саҳоба (р) ва тобиъин (р) ҳадис ривоят намудаанд. Аз ҷумлаи онҳо Абдуллоҳ ибни Умар (р), Абдуллоҳ ибни Аббос (р), Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р), Анас ибни Молик (р) мебошанд. Теъдоди ривоятҳои ӯ ба панҷҳазору сесаду ҳафтоду чаҳор мерасад. Ӯ соли панҷоҳу нуҳуми ҳиҷрӣ дар синни ҳафтоду ҳаштсолагӣ дар Мадина аз дунё дар гузашт ва дарқабристони Бақеъ ба хок супурда шуд. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ. 2, с. 578).