مسألة № 00079
Домуллои муҳтрам илтимос ба мо бигўед, ки дар вақти гирифтани моҳ ва офтоб ягон намози махсус ҳаст ё не ва тариқи хондани он чи гуна аст?
مسألة:
Домуллои муҳтрам илтимос ба мо бигўед, ки дар вақти гирифтани моҳ ва офтоб ягон намози махсус ҳаст ё не ва тариқи хондани он чи гуна аст? Бо камоли эҳтиром бародари исломи Шумо Зафар аз ноҳияи Фирдавсӣ
إجابة:
Бародари азиз Зафарҷон дар ҳолати гирифтани офтоб ё моҳтоб аз ҷониби шариати Ислом намозе муқаррар шудааст, ки онро «намози кусуф» ва «намози хусуф» мегўянд.
Ҳангоми гирифтани офтоб имоми масҷид ҳамроҳи мардум бо ҷамоат ду ракъат намози кусуф мехонанд. Намози кусуф монанди намози нафл аст ва бо овози паст хонда мешавад. Азон ва иқомат дар он вуҷуд надорад ва дар ҳар ду ракъати он сураҳои дароз хонда мешавад. Баъд аз итмоми намоз то равшан шудани офтоб дуо мекунанд. Агар имоми ҷумъа дар намози кусуф ҳозир нашуд, мардум танҳо - танҳо намоз мехонанд.
Ҳангоми гирифтани моҳтоб низ ду ракъат намоз хонда мешавад. Намози хусуф ҳам монанди намози кусуф аст, вале бо ҷамоат адо намешавад, балки танҳо - танҳо гузорида мешавад. Нияти намози кусуф ва хусуф ба монанди нияти намозҳои нафлӣ аст. («Мухтасари Қудурӣ», боби салоти кусуф, с. 265).
Бояд таъкид намоем, ки дар ин ҳолатҳо садо баланд кардан, шиша шикастан, дег задан ва бо зарфҳо овоз баланд намудану ҳайу ҳуй кардан ҷоиз нест, балки ҳаром аст ва ҳамзамон фоидае надорад.