مسألة № 00791
Банда як суол ва як хоҳиш дорам.Чаро аз торномаи шумо гирифтан ё хондани китобҳо имконпазир нест? Хоҳишам ин аст, ки агар имкон бошад, дар қисми вақтҳои намоз фарқияти минтақаҳоро аз рӯи вақт баён намоед.
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Қаблан аз шумо барои таъсиси чунин як торнома ташаккур мекунам, зеро 97%-и мардуми кишварамон мусулмон ҳастанд, ниёз ба чунин торнома, хусусан дар ин айёми илму техника зарурист. Банда як суол ва як хоҳиш дорам. Чаро аз торномаи шумо гирифтан ё хондани китобҳо имконпазир нест? Хоҳишам ин аст, ки агар имкон бошад, дар қисми вақтҳои намоз фарқияти минтақаҳоро аз рӯи вақт баён намуда, имкони чопи онро низ дар коғаз муҳайё мекардед, фикр мекунам, ки барои ҳар фарди намозгузор кумаки бузурге мебуд. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед.
Саволдиҳанда: Боронов.
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, барои ин пешниҳоди судмандатон аз шумо сипосгузорем. Иншоаллоҳ дар рӯзҳои наздик ин хоҳишатон амалӣ хоҳад шуд. Оиди истифодаи китобҳо бошад, шумо метавонед ба бахши “Китобхона”-и сомона ворид шуда, китоби дилхоҳатонро интихоб намоед, пас аз зоҳир шудани сафҳаи аввали китоб аз тарафи чап ибораи “Сабт кардан”-ро зер кунед, агар телефони шумо барномаи “Microsoft Word”-ро дошта бошад, иншоаллоҳ китоб ба телефонатон интиқол меёбад ва боз мешавад. Дар ғайри ин сурат аз ягон мутахассис маслиҳат пурсед, умед аст, ки ба шумо кумак хоҳад намуд. Худо ёру мададгоратон.