مسألة № 00080
Оё қироат кардани муқтадӣ аз паси имом ҷоиз аст?
مسألة:
Ассалому алайкум. Оё қироат кардани муқтадӣ аз паси имом ҷоиз аст? Илтимос бо санад фаҳмонед. Шодибек.
إجابة:
Дар мазҳаби ҳанафӣ қироати сураи Фотиҳа дар паси имом дар намозҳои сиррӣ ва ҷаҳрӣ макруҳи таҳримӣ аст. Зоҳири ривояти ҳанафиён ҳамин аст. Фуқаҳои ҳанафӣ дар ин масъала ба далелҳои зерин истинод намудаанд:
Якум: Худованд дар ин ояти карима фармудааст: «Чун Қуръон хонда шавад, ба он гўш диҳед ва хомўш бошед, то ки шомили раҳмати Худо шавед!». (Аъроф; 204).
Дувум: Ривояти Абўмусои Ашъарӣ аст, ки мефармояд: «Расули Худо (с) хутба хонда, суннатро барои мо баён кард ва намозро ба мо таълим дода гуфт: «Чун намоз гузоридед, сафҳоятонро рост созед, сипас як нафаратон бояд шуморо имомат кунад, пас вақте ки такбир гуфт, такбир гўед ва чун қироат кард, хомўш истед ва чун «ғайрил-мағзуби ъалайҳим ва лаз-золлин» гуфт, «омин» гўед». (Муслим, ҷ. 1, с. 174).
Сеюм: Ривояти Абўҳурайра (р) аст, ки фармуд: «Расули Худо фармуданд: «Имом барои он аст, ки ба ў иқтидо карда шавад, пас вақте ки ў такбир гуфт, шумо низ такбир гўед ва чун қироат кард, хомўш шавед ва чун «самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ» гуфт, «Аллоҳумма Раббано лакал-ҳамд» гўед». (Насоӣ, ҷ. 1, с. 164).
Чорум: Ривояти Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) аст, ки фармуд: Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе имом дошта бошад, пас қироати имом барои ў низ қироат маҳсуб аст». (Ибни Моҷа, с. 61; «Муваттаъ»-и Муҳаммад, с. 98-99; «Мусаннаф»-и Ибни Абўшайба, ҷ. 1, с. 374; «Мусаннаф»-и Абдурраззоқ, р.2797; «Шарҳи маъонил-осор», ҷ. 1, с. 160).