مسألة № 00801
Оё ҷашн гирифтани мавлуди Набӣ (с) ҷоиз аст ва бо кадом далел? Оё қироати Қуръон дар рӯи қабр ҷоиз аст ва бо кадом далел?
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё ҷашн гирифтани мавлуди Набӣ (с) ҷоиз аст ва бо кадом далел? Кадоме аз соҳибони мазоҳиби исломӣ ва саҳобагону тобеъин ва аҳли байт инро анҷом додаанд? Оё қироати Қуръон дар рӯи қабр ҷоиз аст ва бо кадом далел? Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.
Саволдиҳанда: Саид.
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, албатта дар бораи мавлуд уламо ихтилофи назар доранд, аммо набояд фаромӯш кард, ки имрӯз бештари мардум аз сират ва ахлоқи Пайғамбари гиромӣ (с) он қадар маълумоти кофӣ надоранд. Аз ин рӯ, баргузор намудани мавлуд ва ёдоварӣ аз зиндагӣ ва сирати он Ҳазрат (с) амри писандида аст. Аз дидгоҳи аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан мазҳаби ҳанафӣ савоби аъмол, аз ҷумла қироати Қуръон ба мурдагон мерасад ва дар номаи аъмолашон навишта мешавад. Аз ин рӯ, қироати Қуръон дар болои қабр ҷоиз аст. Дар ин маврид аз Абдурраҳмон ибни Ало ривоят аст, ки бобояш Лаҷлоҷ (р) пеш аз маргаш чунин васият кард: “Пас аз дафни ман назди сарам оятҳои аввал ва охири сураи “Бақара”-ро бихон, зеро ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки чунин мегуфт”. (Ривояти Табаронӣ).