مسألة № 00811
Домуллои азиз, ман мехоҳам дар оянда тӯйи камхарҷ ва бесароянда гузаронам. Аммо падару модарам ва худи арӯс ва хонаводаи онҳо розӣ нестанд.
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, ман мехоҳам дар оянда тӯйи камхарҷ ва бесароянда гузаронам. Аммо падару модарам ва худи арӯс ва хонаводаи онҳо розӣ нестанд. Ман барои падуру модарам ба ҳама чиз розиам, лекин тӯйе, ки имрӯзҳо мо мекунем, шумо хуб медонед, ки бо ҳар гуна номаъқулиҳо мегузарад. Майлаш ман розӣ мешавам, аммо оянда дар назди Худои меҳрубон чӣ ҷавоб медиҳам? Илтимос маслиҳат диҳед.
Саволдиҳанда: Абдулҳамид.
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумо оилаи нав бунёд мекунед, бинобар ин, бо маслиҳати падару модаратон ин масъаларо ҳал кунед, Худо накунад, ки шумо дар аввалин рӯзҳои бунёди оила волидайнатонро ранҷонед, албатта дили онҳоро бо роҳи фаҳмонидан ва равиши боҳикмат биёбед. Ҳамчунин шумо метавонед бо арӯсшавандаатон дар ин масъала суҳбат кунед. Шояд ӯ бо шумо ҳамфикр шавад ва ин масъала ба хубӣ бартараф гардад. Худованд шуморо баракат диҳад ва зиндагии ҳалолу пок насибу рӯзӣ гардонад.