مسألة № 00812

Мегӯянд, ки вақте зану мард кӯдакдор мешаванд, зан ҳақ дорад, ки кӯдакро шир надиҳад, яъне бояд мард барои фарзандаш доя бигирад ва ҳақ надорад, ки занашро маҷбур кунад. Оё ин рост аст?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Мегӯянд, ки вақте зану мард кӯдакдор мешаванд, зан ҳақ дорад, ки кӯдакро шир надиҳад, яъне бояд мард барои фарзандаш доя бигирад ва ҳақ надорад, ки занашро маҷбур кунад. Оё ин рост аст? Лутфан посух медодед.

Саволдиҳанда: Зарина.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, парвариши кӯдак ҳаққи модар аст, яъне модар ӯро шир диҳад ва нигоҳубин кунад. Вале агар зан ин корро накунад, мард ҳаққи маҷбур кардани ӯро надорад. Бояд доязанеро иҷора гирадва ӯ кӯдакро парвариш кунад. Агар мард доязане ба иҷора наёбад ё ки ӯро ёбад, вале кӯдак пистони ин дояро дар даҳон нагирад, дар ин сурат мард метавонад зани худро барои парвариши кӯдак маҷбур кунад. Агар мард имконияти иқтисодӣ надошта бошад, дар ин сурат низ ба модари кӯдак лозим аст, ки тифлашро шир диҳад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 68-69)

2017-01-25
4090
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.02.2025

أكثر
الفجر05:29
الظهر12:40
العصر16:24
المغرب18:23
العشاء19:53