مسألة № 00818

1. Дар намоз хондани чӣ қадар оятҳо дуруст аст (ҳангоми замми сура)? 2. Ҳангоми хондани як оят чӣ бояд кард? 3. Дар намози фарзи ҷумъа саҷдаи саҳв кардан дуруст аст (агар имом саҳв кунад, чӣ)?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ домуллои азиз. Чанд суол дорам. 1. Дар намоз хондани чӣ қадар оятҳо дуруст аст (ҳангоми замми сура)? 2. Ҳангоми хондани як оят чӣ бояд кард? 3. Дар намози фарзи ҷумъа саҷдаи саҳв кардан дуруст аст (агар имом саҳв кунад, чӣ)? Сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Султон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам (р) зам кардани як ояти дароз ё се ояти кӯтоҳ ба сураи “Фотиҳа” воҷиб аст, вале зиёда аз се оят хуб аст. 2. Бо хондани як оят фарзи қироат ба ҷо меояд, лекин агар ба як оят басанда кунад, гунаҳгор мешавад. 3. Дар намози ҷумъа саҷдаи саҳв воҷиб намешавад. (“Таълимул-Ислом”, с. 127-129; “Мухтасарул-виқоя”, с. 13-15)

2017-01-27
4029
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

16.09.2025

أكثر
الفجر04:26
الظهر12:40
العصر16:38
المغرب18:42
العشاء20:12