مسألة № 00082

Илтимос ба мо доир ба шаби меъроҷи Пайғамбар маълумоти муфассал медодед.

مسألة:

Илтимос ба мо доир ба шаби меъроҷи Пайғамбар маълумоти муфассал медодед. Бо ихлоси зиёд як гурўҳ толибилмон аз ДМТ

إجابة:

     Исро аз рўи маънои луғавӣ сайри шабонаро мегўянд, аммо аз рўи маънои шаръӣ сайри шабонаи Паёмбари акрам (с) аз Макка ба сўи масҷиди Ақсо дар назар дошта мешавад.

Маънои меъроҷ дар луғат василаи боло рафтан ҳамчун нардбон аст. Аммо маънои шаръии он ин аст, ки Худованд Паёмбар (с)-ро дар шаб аз Байтулмуқаддас, яъне аз он ҷое, ки санги калон қарор дорад, ба сўи осмонҳо боло бурда, нишонаҳои азамат ва қудрати худро ба ў нишон дод. Худованд дар ояти якуми сураи “Исро” мефармояд:

      “Пок аст Он, ки бандаи Худро шабе аз Масҷидул-Ҳаром ба сўи Масҷиди Ақсо, ки гирдогирди он баракат ниҳодем, бибурд, то баъзе нишонаҳои худро ба ў бинамоёнем. Ба дурустӣ ки Ў Шунавои Бино аст”. (Исро, 1)

     Исро бо ҳамин насси Қуръон собит шудааст.

      Аз нигоҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат исро ва меъроҷи Паёмбар (с) ҳақ мебошанд. Дар ин сафар Худованд тавре ки мехост, ўро икром кард ва ончи мехост, барояш ваҳй намуд. Дар шаби Мероҷ панҷ вақт намоз барои умати Муҳаммад (с) фарз гардид.

      Масъалаи исро аз Макка то Байтулмуқаддас бо далели қатъии Қуръонӣ ва аҳодиси саҳеҳ собит шудааст, бинобар ин мункири он кофир мебошад. Аммо меъроҷ аз Байтулмуқаддас то осмон бо аҳодиси машҳур ва аз он болотар бо ҳадисҳои оҳод ба субут расидааст. Баъзе оятҳои Қуръон низ (сураи “Наҷм”, ояти 13-15) меъроҷро таъйид мекунанд. Пас, касе хабари меъроҷро инкор кунад, бидъаткор ҳисобида мешавад.

2015-04-22
5103
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43