مسألة № 00829

Аз он конфет ва шоколадҳое, ки аз Русия ва дигар мамлакатҳои ғайри исломӣ ворид мешаванд, истифода кардан чӣ ҳукм дорад, зеро мегӯянд, ки гӯё дар таркибашон масолеҳи ҳаром аз қабили равғани хук ё коняк бошад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз он конфет ва шоколадҳое, ки аз Русия ва дигар мамлакатҳои ғайри исломӣ ворид мешаванд, истифода кардан чӣ ҳукм дорад, зеро мегӯянд, ки гӯё дар таркибашон масолеҳи ҳаром аз қабили равғани хук ё коняк бошад?

Саволдиҳанда: Мирзо.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, конфетҳо ва шоколадҳое, ки аз кишварҳои ғайри исломӣ ворид мешаванд, маводи таркиби онҳо дар лифофаҳояшон навишта шудааст. Агар мабодо дар таркиби онҳо маводи ҳаром вуҷуд дошта бошад, пас истеъмолашон мамнуъ аст. Агар нисбати ягон навъи ин маҳсулот дар қалби шумо шакку шубҳа пайдо шавад, пас беҳтар аст, ки онро истеъмол накунед. (“Масоили фиқҳии муосир”, с. 44; “Раддул-муҳтор”, ҷ. 1, с. 21)

2017-01-28
3169
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38