مسألة № 00830
Аз шумо хоҳиш мекунам, ки маънои номи Фаррух ва Замираро мегуфтед!
مسألة:
Аз шумо хоҳиш мекунам, ки маънои номи Фаррух ва Замираро мегуфтед!
Саволдиҳанда: Фаррух.
إجابة:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, Фаррух номи тоҷикона буда, аз калимаҳои “фар” - ба маънои зебоӣ ва “рух” – ба маънои чеҳра таркиб ёфтааст, яъне касе, ки дар рӯи ӯ фар ва зебоӣ бошад. Пас маънои Фаррух зеборӯ ва хушсимо мебошад. Илова бар ин, ба маънои хуҷаста ва муборак ҳам омадааст. Номи Замира шакли занонаи “замир” аст, ки дар луғат ба маъноҳои дил, хотиру андеша, ниҳон ва роз омадааст. Ин ном дар фарҳанги миллии мо ҳамчун номи духтарона пазируфта шудааст.