مسألة № 00838

Ман духтури бемориҳои занона (пизишки момодоя) ҳастам ва дар таваллудхонаи давлатӣ кор мекунам. Ба ман занони зиёд барои исқоти ҳамл муроҷиат мекунанд..

مسألة:

Ассалому алайкум. Ман духтури бемориҳои занона (пизишки момодоя) ҳастам ва дар таваллудхонаи давлатӣ кор мекунам. Ба ман занони зиёд барои исқоти ҳамл муроҷиат мекунанд (ба сабаби шароити душвори зиндагӣ, серфарзандӣ, беникоҳ ҳомила шудан барои  шарманда нашудан, ба сабаби бад будани саломатӣ). Мо то 12-ҳафтаинаи онро исқот мекунем ё бо кумаки ҳабб (таблетка) онро меафтонем. Аксаран пас аз ин амал ман худро ноҳинҷор ҳис мекунам, ҳарчанд ки ин амал бо хоҳиш ва ризоияти ин занон анҷом дода мешавад. Мехостам назари Исломи азизро ба ин қазия донам. Қаблан сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Бону.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, исқоти ҳамл аз нигоҳи дини мубини Ислом дуруст нест, зеро шариат ҳатто зоеъ кардани нутфаро ҷоиз намешуморад. Инсон молики ҷисми худ нест ва ҳаққи қатъ намудани як узви худ ва ихтиёри қатли худро надорад. Аз ин ҷиҳат агар фарде ин амалро ба фарди дигаре анҷом диҳад, шариат онро гуноҳ мешуморад. Дар масъалаи исқот агар дар ҳамл аломати ҳаёт эҳсос шавад, зоеъ намудани он ҳаром аст, агар қабл аз намоён шудани ҳаёт зоеъ шавад, боз ҳам ноҷоиз аст, зеро як ҳиссаи ҷисми он зан пиндошта мешавад, ки қатъ намудани он ҷоиз нест. Ба истиснои ҳолати зарурат, ки агар ҳамл ба ҳаёти модар хатари ҷиддӣ дошта бошад, исқоти он ҷоиз аст. (“Фатовои Қозихон”, ҷ. 4, с. 381-382)  

2017-01-31
7362
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42