مسألة № 00842

Як бародари мо ба духтаре ошиқ шудааст, ки бо апааш ширхора аст, оё ҳамин духтарро ба занӣ гирифта метавонад?

مسألة:

Ассалому алайкум. Як бародари мо ба духтаре ошиқ шудааст, ки бо апааш ширхора аст, оё ҳамин духтарро ба занӣ гирифта метавонад?

Саволдиҳанда: Далер.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар бародари шумо аз модари он духтар шир хӯрда бошад, пас фарзанди онҳо ба шумор меравад ва никоҳаш бо ҳеҷ яке аз он духтарон ҳалол нест. Агар апаи он духтар аз модари шумо шир хӯрда бошад, пас дар ин сурат фақат апаи ӯ барои шумо ва бародаратон ҳаром аст, зеро ӯ хоҳари ширхораи шумо мебошад, вале хоҳари ӯ барои шумо бегона аст ва никоҳи бародаратон бо ӯ дуруст аст. 

2017-02-01
3700
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.04.2026

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:15
المغرب19:20
العشاء20:50