مسألة № 00864

Падару модаре, ки намоз нахонанд, онҳо аз шайтон пасттаранд, пас чӣ гуна ҳурмати онҳо фарз аст? Хоҳишмандам пурра ҷавоб диҳед.

مسألة:

Ассалому алайкум бобои домулло. Падару модаре, ки намоз нахонанд, онҳо аз шайтон пасттаранд, пас чӣ гуна ҳурмати онҳо фарз аст? Хоҳишмандам пурра ҷавоб диҳед. Миннатдорам.

Саволдиҳанда: Фарҳод

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, эҳтироми падару модар новобаста аз эътиқоду рафтораш барои фарзанд ҳатмист, фарзанд ҳақ надорад, ки волидайнашро аз шайтон пасттар хонад, зеро шайтон аз аҳли дӯзах аст ва инсон гиромитарин офаридаи Худованд аст. Аз нигоҳи дини мубини Ислом эҳтироми падару модар як амри зарурӣ ва воҷиботи имондорӣ арзёбӣ шудааст. Чунонки Худованди бузург мефармояд: «Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар накӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ! Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!». («Исро», 23-24) Мақсад аз калимаи «уф» нагуфтан дар назди падару модар хастагию нороҳатии худро дар хидмати онҳо изҳор накардан аст. Ҳазрати Иброҳим (а) бо падараш Озар, ки буттарош буд, бо нармӣ муносибат мекард ва ҳуқуқи фарзандиро комилан риоя мекард. Ҳамин рафтори ӯ боис шуд, ки вақте бо дастури Худованд писараш Исмоил (а)-ро қурбонӣ кардан хост, писараш ба ӯ гуфт: «Эй падари ман, он чи бикун, ки туро фармуда шудааст. Худо хоҳад, маро аз шикебоён хоҳӣ ёфт». («Соффот», 102Хулосаи матлаб ин аст, ки волидайн агарчи кофир ва душмани Худо ҳам бошанд, ҳаққи онҳо болои фарзанд воҷиб аст ва инсон самараи хидмати падару модарро аз фарзандаш хоҳад дид. Шумо метавонед, ки дар ин мавзӯъ қиссаи ҳазрати Иброҳим (а)-ро мутолиа кунед, иншоаллоҳ аз хондани он баҳраманд мегардед.

2017-02-11
3634
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

10.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:29
المغرب17:26
العشاء18:56