مسألة № 00865

Мегуфтед, ки чанд муддат пеш аз таваллуд кардани ҳамсар ва чанд муддат пас аз он бо ӯ алоқаи ҷинсӣ иҷозат аст?

مسألة:

Ассалому алайкум. Мегуфтед, ки чанд муддат пеш аз таваллуд кардани ҳамсар ва чанд муддат пас аз он бо ӯ алоқаи ҷинсӣ иҷозат аст? Қаблан сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Ҳусайн

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат ҳамхобагӣ бо ҳамсар дар ҳолати ҳайзу нифос мамнуъ аст, дар ҳолати ҳомилагии ҳамхоба шудан бо ӯ мамнуъият надорад, ба шарте ки табибон ба ягон сабаб манъ накарда бошанд. Ҳамхоба шудан бо ҳамсар баъд аз таваллуд вақте дуруст мешавад, ки муддати нифоси ӯ сипарӣ шавад ва инро занҳо хубтар медонанд. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 7-8)

2017-02-11
5697
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

21.09.2026

أكثر
الفجر04:42
الظهر12:40
العصر16:37
المغرب18:34
العشاء20:04