مسألة № 00868
Домуллои азиз, пас аз адои намози фарз намозгузорон ҷойҳои худро тағйир медиҳанд. Оё дар ягон ҳадис омадааст?
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, пас аз адои намози фарз намозгузорон ҷойҳои худро тағйир медиҳанд. Оё дар ягон ҳадис омадааст? Бо далелҳо ҷавоб гӯед.
Саволдиҳанда: Абдулқуддус
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз,агар баъд аз намози фарз суннат бошад, имом ва намозгузорон пас аз хондани дуои “Аллоҳумма Антассалом...” бармехезанд ва ҷои худро тағйир медиҳанд, сипас суннатро мегузоранд, зеро аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки он Ҳазрат (с) фармуданд: “Оё яке аз шумо наметавонад, ки чун аз намозаш фориғ шавад, пеш ё пас биистад”. (Ривояти Абӯдовуд, Ибни Моҷа ва Байҳақӣ) Ҳикмати тағйири макон ин аст, ки шахси аз ҷамоат дермонда вақте сафҳоро номуназзам мебинад, мефаҳмад, ки намози фарз анҷом ёфтааст. Агар имом ва намозгузорон бе тағйир додани маконҳои худ намози суннатро гузоранд, шахси аз ҷамоат дермонда гумон мекунад, ки онҳо ҳанӯз дар намози фарз ҳастанд ва иқтидо мекунад, дар натиҷа иқтидояш фосид мешавад. Ҳикмати дигари тағйири макон зиёд шудани мавзеъҳои ибодат аст, зеро ҳар он мавзеъе, ки фарди мӯъмин дар он ҷо саҷда ва ибодат кардааст, рӯзи қиёмат барои ӯ шаҳодат медиҳад.