مسألة № 00869
Домуллои азиз, маълум аст, ки азон гуфтан ин даъвати мардум ба намоз аст. Пас, вақте ки намозгузор танҳо аст, азон гуфтан шарт нест?
مسألة:
Домуллои азиз, маълум аст, ки азон гуфтан ин даъвати мардум ба намоз аст. Пас, вақте ки намозгузор танҳо аст, азон гуфтан шарт нест?
Саволдиҳанда: Умар
إجابة:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, азон дар истилоҳи фиқҳӣ ба маънои даъват кардани одамони ғоиб мебошад ва гуфтани он суннат аст. Бинобар ин, танҳогузор ҳам азон мегӯяд ва савоби онро мегирад. Илова бар ин, дар азон гуфтан фоидаҳои зиёде вуҷуд дорад ва яке аз онҳо ин аст, ки шайтон ва ҷин аз садои азон фирор мекунад, ҳамзамон сабаби баракати ризқу рӯзии хонадон мебошад.