مسألة № 00873

Домуллои муҳтарам, агар намоз дар танҳоӣ гузошта шавад, гуфтани азон барои он ҳатмӣ аст?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, агар намоз дар танҳоӣ гузошта шавад, гуфтани азон барои он ҳатмӣ аст? Худованд илми Шуморо зиёда гардонад. Дар ҳаққи мо ва волидону фарзандонамон дуогӯ бошед.

Саволдиҳанда: Парвиз

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, азону  иқомат  суннати  муаккада  мебошанд  ва барои намозҳои фарз гуфта мешаванд. Намози фарз, хоҳ бо ҷамоат баргузор гардад ва хоҳ бо танҳоӣ, намози вақтӣ бошад ё  қазоӣ  ва худи намозгузор муқим аст ё мусофир, дар ҳамаи ин ҳолатҳо гуфтани азон суннат аст. Илова бар ин, дар гуфтани азон фоидаҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад. Агар дар макон ё манзиле азон гуфта шавад, шайтон ва ҷинҳо аз он ҷо фирор мекунанд ва сабаби нузули фариштагони раҳмат ва хайру баракат дар он манзил мегардад. Ногуфта намонад, ки гуфтани азон ва иқомат барои занон макрӯҳ аст. Худованд шумо ва аҳли хонадонатонро ҳифз кунад, илми нофеъ ва саодати дорайн насибу рӯзӣ гардонад.

2017-02-14
3635
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

10.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:29
المغرب17:26
العشاء18:56