مسألة № 00887

Дар вақти азони намози бомдод ҷумлаи “Ассалоту хайрун минан-навм”-ро фаромӯш мекунад. Дар ин ҳолат ин шахс чӣ кор бояд кунад, оё гунаҳгор мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Шахсе танҳо намоз мегузорад ва азону иқоматро ҳам мегӯяд. Бисёр ҳолатҳо дар вақти азони намози бомдод ҷумлаи “Ассалоту хайрун минан-навм”-ро фаромӯш мекунад. Пас аз поён ёфтани азон ба хотираш мерасад. Дар ин ҳолат ин шахс чӣ кор бояд кунад, оё гунаҳгор мешавад?

Саволдиҳанда: Фаридун

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, азон гуфтан дар намозҳои панҷгонаи фариза ва намози ҷумъа суннат аст. Агар дар аснои азон баъзе ҷумлаҳои онро фаромӯш кунад, вале ҳанӯз аз гуфтани азон фориғ нашуда бошад, пас дар ин ҳолат ба хотираш расид, он ҷумларо бо идомааш аз сар гуфта азонро ба поён расонад. Агар пас аз фориғ шудан аз азон ба хотираш расид, дар ин сурат аз сар гуфтани он лозим нест, метавонад, ки иқомат гӯяд ва намозашро адо кунад, дар ҳеҷ як аз ин ҳолатҳо гунаҳгор намешавад.

2017-02-20
4111
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2025

أكثر
الفجر03:58
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:52