مسألة № 00889

Аз дидгоҳи Ислом кадом рӯзҳо барои ҳамхоба шудан бо ҳамсар хуб аст?

مسألة:

Ассалому алайкум. Аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонон ин суол пешниҳод шудааст: 1. Аз дидгоҳи Ислом кадом рӯзҳо барои ҳамхоба шудан бо ҳамсар хуб аст? Баъзе мегӯянд, ки рӯзи якшанбе мумкин нест, аз нигоҳи баъзе рӯзҳои душанбе ё чоршанбе мумкин нест.

Саволдиҳанда: Абдуҳамид

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи  дини мубини Ислом ҳамхоба шудан бо ҳамсар рӯз ё соати муайян надорад, фақат дар рӯзҳои ҳайз ва нифоси зан, инчунин дар рӯзҳои моҳи Рамазон ва рӯзҳои ҳаҷ барои шахси муҳрим манъ аст. Масоили хамхобагӣ аз ҷумлаи асрори хонаводагӣ аст ва ба табиати марду зан вобаста аст. Дар кадом рӯзе, ки хоҳиш бошад, ягон маҳдудият надорад, бояд, ки зан дар ин ҳолат, агар узре надошта бошад, имтиноъ ва худдорӣ накунад.

2017-02-20
3390
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

13.01.2025

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:32
المغرب17:29
العشاء18:59