مسألة № 00899

Барои чӣ Имом Абӯҳанифа (р) бо ин тахаллус ном гирифта мешавад? Асли ин кунят аз куҷо пайдо шудааст?

مسألة:

Ассалому алайкум. Барои чӣ Имом Абӯҳанифа (р) бо ин тахаллус ном гирифта мешавад? Асли ин кунят аз куҷо пайдо шудааст? Ташаккур.

Саволдиҳанда: Диловар

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар бораи тахаллуси Абӯҳанифа (р) андешаҳо зиёд аст. Баъзе уламо мегӯянд, ки “ҳанифа” дар забони ироқӣ рангро мегӯянд ва аз сабаби он ки Имоми Аъзам (р) ҳамеша ҳамроҳи худ қаламу ранг доштанд, ба ин куня хонда шуданд. Раъйи дигар ин аст, ки ин куня табаррукан ба ояти “Бал миллата Иброҳима ҳанифан” (“Бақара”, 135­) ба ӯ гузошта шудааст. Баъзе мегӯянд, ки тахаллуси Абӯҳанифа (р) ба эътибори тақво ва амали ӯст, яъне эшон дорои ахлоқи шоиста ва моил ба ҳақ буданд. (“Нури ҳақиқат”, с. 13-14 )

2017-02-21
3445
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38