مسألة № 00902

Мегуфтед, ки раднома, тӯмор ва даму дегдон, ки дар баёни мардуми кишварамон маъмул аст, оё аз дидгоҳи шариати Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ҷоизанд?

مسألة:

Домуллои азиз, мегуфтед, ки раднома, тӯмор ва даму дегдон, ки дар баёни мардуми кишварамон маъмул аст, оё аз дидгоҳи шариати Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ҷоизанд? Аз шумо хоҳиш мекунам, ки бо далелҳои шаръӣ ба мо фаҳмонед. Қаблан ташаккур.

Саволдиҳанда: Садриддин

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, муолиҷа намудан ба василаи таъвиз, ки дар урфи мардуми мо бо номи тӯмор, раднома ва таштоб машҳур ва маъруф аст, аз нигоҳи шариат ҷоиз мебошад, ба шарти он ки калимоти дар инҳо навишташуда аз оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои шаръӣ иборат бошанд ва маънояшон возеҳ ва фаҳмо бошанд, илова бар ин, дар онҳо калимоти ширкӣ мавҷуд набошад. Дуои даму дегдон, ки дар истилоҳи шаръӣ бо номи “руқя” маъруф аст, аз дуоҳои маъсураи Паёмбар (с) собит шудааст. Калимоти даму дегдон ҳам бояд аз дуоҳои шаръӣ иборат бошад. Навиштани таъвиз (тӯмор) ва хӯрдани оби он (таштоб) ё овезон намудани он аз саҳобаи киром низ собит шудааст. Ногуфта намонад, ки раднома ва тӯмор барои он касоне аст, ки оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои набавиро ба сабаби нодонӣ, пиронсолӣ ва ё хурдсолӣ хонда наметавонанд. Аммо касоне, ки ин дуоҳоро хонда метавонанд, барои ҳифз аз зарарҳои шайтон бояд худашон ин дуоҳоро субҳу шом ба баданашон бихонанд. (“Мишкотул-масобиҳ”. 2, с. 388; “Саҳеҳ”-и Муслим ҷ. 2, с. 224; “Раддул-муҳтор”, ҷ. 2, с. 363)

2017-02-22
5711
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38