مسألة № 00905
Барномаҳои исломие бо забони русӣ ҳастанд, ки таъбири хобҳо навишта шудаанд, ба он бовар кунем?Кадом китобҳоро пешниҳод мекунед, ки дар он таъбири хоб бошад?
مسألة:
Суол: Ассалому алайкум. 1. Барномаҳои исломие бо забони русӣ ҳастанд, ки таъбири хобҳо навишта шудаанд, ба он бовар кунем? Кадом китобҳоро пешниҳод мекунед, ки дар он таъбири хоб бошад? 2. Чанд саволҳое гузоштем, ҷавоб намеояд аз назар мегузаронидед. Қаблан ташаккур, як дуои хайр дар ҳаққамон мекардед.
Саволдиҳанда Абдулҳамидф
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, таъбири хоб агар аз имомони мусулмон ва моҳир дар ин фан бошад, метавонед ба он бовар кунед. Хоб ҳам раҳмонӣ ва ҳам шайтонӣ мешавад ва эҳтимоли рост ё дурӯғро дорад, танҳо хоби пайғамбарон раҳмонӣ аст. Китобҳое, ки дар фанни таъбири хоб навишта шудаанд, аз ин муаббирони машҳур мебошанд: Ҳазрати Дониёл, Имом Ҷаъфари Содиқ, Муҳаммад ибни Сирин ва дигарон. Шумо метавонед дар таъбири хоб аз ин китобҳо истифода намоед. (“Ҳаёти ҳайвон”, ҷ. 1, с. 85-87) 2. Посухи суолҳои фиристодаи шумо омода шуда ва дар сомона интишор гардиданд, шумо метавонед онҳоро мутолиа намоед. Худованд ба шумо илми нофеъ ва амали солеҳ насиб гардонад.