مسألة № 00908
Оиди шумораи пайғамбарон маълумот медодед? Иҳсон дуруст ё эҳсон? Мегӯянд, ки ҳангоми ба тани Одам (а) даромадани рӯҳ дар зери садое даромадааст?
مسألة:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Ба шумо саволҳо дорам: 1. Мегӯянд, ки ҳангоми ба тани Одам (а) даромадани рӯҳ дар зери садое даромадааст? Оё ин дуруст аст, камтар маълумот медодед? 2. Оиди шумораи пайғамбарон маълумот медодед? 3. Иҳсон дуруст ё эҳсон? Каме мефаҳмондед. Худо ҳофиз.
Саволдиҳанда Султон
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, вақте ки қолаби Одам (а) сохта шуд, ҳангоми даст задан ба он монанди сафол садое мебаровард. Аммо ҳангоми даромадани рӯҳ ба ин қолаб ғайр аз ҳамон садои қолаб ҳеҷ гуна садои дигар вуҷуд надошт. 2. Аввалин пайғамбар Одам (а) ва охирин пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Дар Қуръони карим танҳо номи 25 нафар пайғамбар зикр шудааст. Дар ҳадисҳои набавӣ шумораи пайғамбарон тибқи як ривоят 124 ҳазор ва ба ривояти дигар 224 ҳазор баён гардидааст, ки аз инҳо 313 нафарашон расул ҳастанд. Вале беҳтар он аст, ки дар шумори пайғамбарон адади муайян зикр нашавад, зеро Худованд дар Қуръони маҷид мефармояд: «Аз онҳо касе ҳаст, ки қиссаашро бар ту хондаем ва аз онҳо касе ҳаст, ки қиссаашро бар ту нахондаем». («Ғофир»; 78. “Хулосатул-масоил”, ҷ. 1, с. 11-13; “Ҳошияи Совӣ”, ҷ. 4, с. 197-200). 3. Тибқи қоидаи имлои забони тоҷикӣ дар оғози теъдоде аз калимаҳои иқтибосӣ, ки ҳамсадои ҳалқии “ҳ” ё “ъ” доранд, ҳарфи “э” навишта мешавад. Аз ҷумла: эҳсон, эҳтиром, эҳтимол, эътибор, эътимод ва ғайра.