مسألة № 00915

Номи Худоро дар намоз ё дар гуфтор "Оллоҳ" гуфтан дуруст аст ё ин ки дар ҳама ҳолат бояд "Аллоҳ" гӯем?...

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Якчанд суол дорем: 1. Номи Худоро дар намоз ё дар гуфтор "Оллоҳ" гуфтан дуруст аст ё ин ки дар ҳама ҳолат бояд "Аллоҳ" гӯем? 2. Пас аз адои намози шом кадом дуоро хонда дастонро ба дуо бардорем? 3. Мо пеш аз намози бомдодро оғоз кардан намози нафл ё шукрона мехонем, вақте ки мо яке аз онро хондем, дигарашро пас аз суннати бомдод хонем, мешавад? 4. Пас аз хондани сураи “Фотиҳа” дар намоз бояд дигар сураро бо тартиби Қуръон хонем ё ки кадом сурае бошад, фарқ надорад?

Саволдиҳанда Абдулҳамид

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, тарзи дурусти номи Худо “Аллоҳ” аст ва дар ҳама ҳолат бояд ҳамин гуна талаффуз карда шавад. Ба шакли “Оллоҳ” талаффуз кардани номи Худо нодуруст аст, агар касе чунин талаффуз кунад, бояд ба ӯ тарзи дурусташро таълим дод. 2. Пас аз адои намози шом дуои “Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор”-ро хонад. 3. Аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ пас аз дамидани субҳ фақат намози суннати бомдод гузорида мешавад, гузоридани намози нофила дар ин вақт макрӯҳ аст. Агар шумо намози нофида гузоридан хоҳед, метавонед пеш аз дамидани субҳ ё пас аз тулӯъи офтоб онро бигузоред. 4. Пас аз хондани сураи “Фотиҳа” шумо ҳар сураеро, ки мехоҳед, метавонед онро бихонед, вале бояд тартиби Қуръонро риоя кунед, яъне аз тарафи поён шуруъ накунед ва баръакс нахонед.  

2017-03-01
5385
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

10.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:29
المغرب17:26
العشاء18:56