مسألة № 00922

Аврати мард аз ноф то соқи пой аст, агар аз ноф боло кушода бошад ва дар назди ягон зани маҳрам ё номаҳрам нишинад ва шаҳвати зан бедор шавад, дар ин ҳолат мард гунаҳгор мешавад ё зан?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Аврати мард аз ноф то соқи пой аст, агар аз ноф боло кушода бошад ва дар назди ягон зани маҳрам ё номаҳрам нишинад ва шаҳвати зан бедор шавад, дар ин ҳолат мард гунаҳгор мешавад ё зан? Бо ҳамин сурат ба кӯча баромадан ҷоиз аст ё на?

Саволдиҳанда: Ҷонибек

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи фармудаи шариат аврати мард аз ноф то зери зону аст, ки пӯшонидани он дар намоз ва ғайри намоз фарз аст ва дар сурати бараҳна гузоштани он инсон гунаҳгор мешавад. Ғайр аз ин миқдор пӯшонидани дигар қисмати бадан барои мард суннат аст. агар ин қисматро қасдан бараҳна кунад, гунаҳгор мешавад. Дар назди афроди хонавода бо ҳолати нимбараҳна муошират кардан ё бо ҳамин ҳолат ба кӯча баромадан гуноҳ ва хилофи одобу ахлоқи инсонӣ ва мусалмонӣ аст.

2017-03-04
4416
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.06.2025

أكثر
الفجر03:17
الظهر12:40
العصر17:59
المغرب20:01
العشاء21:31