مسألة № 00927

Барои намозҳои панҷвақта тартиби пайдарпай хондани сураҳоро муайян кунед ва фаҳмонед, ки кадом сура аввал ва кадомаш пастар хонда мешавад.

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки агар имконият бошад, барои намозҳои панҷвақта тартиби пайдарпай хондани сураҳоро муайян кунед ва фаҳмонед, ки кадом сура аввал ва кадомаш пастар хонда мешавад.

Саволдиҳанда: Хайриддин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тартиби хондани сураҳо дар намозҳои панҷгона ихтиёрӣ аст, аз ҳар ҷое, ки мехоҳед, метавонед бихонед. Масалан, агар дар ракъати аввал пас аз “Фотиҳа” сураи “Алам нашраҳ” хонда бошед, дар ракъати сонӣ сураи “Ват-тин” ё ҳар сураеро, ки пас аз он меояд, хонда метавонед. Тартиби хондани сураҳо бояд бо тартиби ҷойгиршавиашон дар Қуръон мувофиқ бошад, яъне аз тарафи боло оғоз мекунед, на баръакс.

2017-03-06
4162
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2025

أكثر
الفجر03:58
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:52