مسألة № 00932

Дар бораи чигуна хондани намози тасбеҳ муфассалтар фаҳмонед.

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Дар бораи чигуна хондани намози тасбеҳ муфассалтар фаҳмонед.

Саволдиҳанда: Мурод

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Намози тасбеҳ чаҳор ракъат буда, дар он 300 бор ин тасбеҳ хонда мешавад: 

«Субҳоналлоҳи вал-ҳамдулиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар вало ҳавла вало қуввата илло биллоҳил-ъалиййил-ъазим».

Тасбеҳи мазкур дар дохили намоз чунин хонда мешавад:

15 бор баъд аз сано (пеш аз «Фотиҳа»).

10 бор баъд аз замми сура.

10 бор дар рукуъ.

10 бор вақти рост шудан аз рукуъ (дар қавма).

10 бор дар саҷдаи аввал.

10 бор дар байни ду саҷда (дар ҷалса).

10 бор дар саҷдаи дувум.

Ин тасбеҳот дар ракъати аввал 75 бор ва дар ракъати дувум низ 75 бор бо ҳамин тартиб хонда мешавад. Ракъатҳои севум ва чаҳорум низ чунин аст. Фазилат ва савоби ин намоз бағоят бузург аст. («Раддул-муҳтор», 2, с. 28-29)

2017-03-06
11651
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2025

أكثر
الفجر03:58
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:52