مسألة № 00935

Агар тифл аз дунё гузарад, дар охират ба волидайнаш шафоат карда метавонад? Агар бошад, пас чӣ гуна ва то чӣ андоза?

مسألة:

Ассалому алайкум домулло.  Агар тифл аз дунё гузарад, дар охират ба волидайнаш шафоат карда метавонад? Агар бошад, пас чӣ гуна ва то чӣ андоза?

Саволдиҳанда: Дорюш

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, яке аз навъҳои шафоат дар рӯзи қиёмат шафоати кӯдак барои волидайн аст, ки сабаби вуруди онҳо ба ҷаннат мегардад. Дар ҳадисе ривоят шудааст, ки марде ҳамроҳи писаракаш ба назди Пайғамбар (с) меомад. Пас аз чанде Пайғамбар (с) он писаракро надид ва дар бораи ӯ пурсон шуд. Гуфтанд: “Эй Расули Худо, ӯ фавтидааст”. Пай  амбар (с) ба падараш гуфт: “Оё дӯст намедорӣ, ки вақте ба назди яке аз дарҳои ҷаннат меойӣ, ӯро меёбӣ, ки чашм дар интизори ту истодааст”. Марде гуфт: “Оё ин фазилат фақат барои ӯст ё барои ҳамаи мо?” Пайғамбар (с) фармуданд: “Барои ҳамаи шумо низ ҳаст”. (Ривояти Аҳмад)

2017-03-06
4209
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.02.2025

أكثر
الفجر05:29
الظهر12:40
العصر16:24
المغرب18:23
العشاء19:53