مسألة № 00939

Дар бораи намози истихора маълумоти муфассал диҳед!

مسألة:

Салом ба ҳамаи Шумо. Дар бораи намози истихора маълумоти муфассал диҳед! Қаблан сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Шукриддин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, истихора ба маънои талаби хайр кардан аст. Ҳазрати Паёмбар (с) тариқи адои истихораро ба ёронаш таълим медод, зеро ҳар фарди мусалмон ба он ниёз дорад ва дар зиндагии ӯ бисёр муҳим аст. Ҳазрати Ҷобир (р) мегӯяд: «Паёмбар (с) дар тамоми корҳояш истихораро монанди сураҳои Қуръон ба мо омӯзиш медод ва мефармуд: «Ҳар гоҳ касе аз шумо ба анҷоми коре тасмим гирифт, ду ракъат намози нафл бигузорад, сипас чунин дуо кунад: «Худовандо! Бо илми Ту аз Ту хайр талаб дорам ва бо қудрати Ту аз Ту қудрат талаб мекунам ва аз лутфи бузурги Ту мепурсам, чун Ту Тавоноӣ ва ман нотавон, Ту медонӣ ва ман намедонам, Ту Донандаи ғайбҳо ҳастӣ. Худовандо! Агар Ту медонӣ, ки ин кор сабаби хайри дину дунё ва оқибати неки корам мешавад, пас онро бароям муқаддар ва осон гардон. Агар медонӣ, ки ин кор сабаби зарару зиён дар дину зиндагии дунё ва оқибати бади корам мешавад, пас ба лутфи худ онро аз ман дур соз ва маро аз он дур кун ва хайру хубиҳоро, ҳар ҷо ки бошад, бароям муяссар гардон, сипас маро бар он хушнуд кун», пас ҳар ҳоҷате, ки дошта бошад, зикр кунад».

Ҳадаф аз истихора ин аст, ки пеш аз ҳар коре бо ҳузури қалб дуо кунем, ба умеди ин ки Худованд ба фазли хеш моро ба беҳтарин корҳо ва роҳҳои дуруст роҳнамоӣ кунад ва бадиро бо қудрати хеш аз мо дур карда, аз ҳар гуна гумроҳӣ ва лағжишу инҳироф раҳоӣ бахшад. («Хулосатул-масоил», с. 70-71)

2017-03-10
6072
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

10.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:29
المغرب17:26
العشاء18:56