مسألة № 00945

Мо қариб ҳар рӯз намози пешинро дар масҷиди марказӣ мехонем, лекин вақти зиёд сарф мешавад, чунки аз ҷои кор меоем ва вақти мо маҳдуд аст. Агар дар дуои баъд аз намоз иштирок накунем, шояд ба гароиши дигар равияҳо муттаҳам мекунанд, агар нашинем, аз ҷои кор гап мешунавем...

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки аз пешниҳоди ман наранҷед, чунки ягон ғараз надорам. Мо қариб ҳар рӯз намози пешинро дар масҷиди марказӣ мехонем, лекин вақти зиёд сарф мешавад, чунки аз ҷои кор меоем ва вақти мо маҳдуд аст. Агар дар дуои баъд аз намоз иштирок накунем, шояд ба гароиши дигар равияҳо муттаҳам мекунанд, агар нашинем, аз ҷои кор гап мешунавем. Мо пайрави мазҳаби Имоми Аъзам (р) ва муқобили дуоҳои баъд аз намоз нестем. Оё мешавад, ки дар рӯзҳои корӣ тиловат ва дуоҳоро кутоҳтар кунанд? Дар рӯзҳои таътил чӣ қадаре дуо кунанд, ягон мушкил нест. Саломат бошед.

Саволдиҳанда: Салоҳиддин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар шумо зарурат доред ва вақтатон маҳдуд бошад, метавонед, ки пас аз адои намоз худатон дуои кутоҳ кунед ва ба ҷои коратон равед, ба шарте ки ба дигар намозгузорон халал нарасонед ва онҳоро мушавваш накунед. Дар сурати доштани имконият метавонед, ки ҳамроҳи ҷамоат нишаста дуо кунед.

2017-03-13
3456
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2025

أكثر
الفجر03:58
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:52