مسألة № 00950

Шавҳарам ба амали бад мисли лолтобозӣ одат кардааст. Ба ман “пул ёфта деҳ” мегӯяд.

مسألة:

Шавҳарам ба амали бад мисли лолтобозӣ одат кардааст. Ба ман “пул ёфта деҳ” мегӯяд. Ашёи рӯзгор ва ангуштарину занҷир ва тиллоямро фурӯхта пулашро додам. Ба касе дар ин бора сухан нагуфтаам. Маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам.

Саволдиҳанда: Лола

إجابة:

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, шавҳари шумо ҳақ надорад, ки молу ашёи зарурии хонаро дар кори ҳаром сарф кунад ва барбод диҳад. Агар шумо ӯро дар ин кор кумак кунед, худатон низ дар ин гуноҳ шарик мешавед. Ягона роҳи ислоҳи чунин бемориҳо тарбияи динӣ мебошад, чунки бисёр касоне, ки ба ин гуна бемориҳо мубтало буданд, ба василаи ин дини инсонсоз ислоҳ шуда, мардони неку хайрхоҳ гардиданд. Шумо кӯшиш кунед, ки шавҳаратон бо афроди хайрхоҳ робита дошта бошад ва аз рафиқони бад канора ҷӯяд. Агар натиҷае ба даст наомад, метавонед, ки ба идораҳои дахлдор муроҷиат намоед. Албатта дар ҳар намоз барои ислоҳи шавҳаратон дуо кунед, умед аст, ки ҳидоят меёбад. Худованд ба шавҳаратон тавфиқу ҳидояти комил насиб гардонад ва ба хонадони шумо хушиҳои рӯзгор ато фармояд.

2017-03-13
3565
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

04.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:22
المغرب17:20
العشاء18:50