مسألة № 00951

Оё нишон додани хонаи бинак (фолбин) дар Ислом гуноҳ аст ё на? Чунки аз ман чанд бор се-чор нафар пурсиданд, ба онҳо хонаашро нишон додам.

مسألة:

Оё нишон додани хонаи бинак (фолбин) дар Ислом гуноҳ аст ё на? Чунки аз ман чанд бор се-чор нафар пурсиданд, ба онҳо хонаашро нишон додам. Оё бо ин корам ман гунаҳгорам? Ба ин мавзӯъ равшанӣ андозед.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, албатта пеши бинак ва фолбин рафтан гуноҳи кабира мебошад ва касоне, ки мардумро ба хонаи ӯ роҳнамоӣ мекунанд, онҳо низ гунаҳгор мешаванд. Чунонки Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед” (“Моида”; 2) Албатта шумо ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед, омурзиш бихоҳед, иншоаллоҳ Худованд мебахшад. Марди муъмин чун касеро дид, ки хонаи бинак ё фолбин меравад, бояд ба ӯ бигӯяд, ки касе илми ғайбро ба ҷуз Худованди мутаъол намедонад, кушояндаи мушкилҳо ва равокунандаи ҳоҷатҳо танҳо Худованд асту бас. Худованд ба шумо тавфиқи аъмоли хайр насиб гардонад. 

2017-03-13
4827
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.11.2024

أكثر
الفجر05:38
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:10
العشاء18:40