مسألة № 00961

Шахси дашномдиҳандаро чӣ чизе интизор аст? Ислом дар мавриди чунин шахс чӣ мегӯяд?

مسألة:

Ҳангоме ки моро дашном ва ё суханони носазо гуфтанд, чӣ кор бояд кунем? Шахси дашномдиҳандаро чӣ чизе интизор аст? Ислом дар мавриди чунин шахс чӣ мегӯяд?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, ман шумо бояд дар тамоми шууни зиндагӣ намуна Пайғамбари Худо (с)-ро қарор диҳем. Расули Худо (с) дар таълимоти худ мефармоянд: “Дашном додани мусулмон фисқ аст”. Пас маълум мешавад, ки инсони дашномдиҳанда фосиқ аст, яъне гунаҳгор ва хориҷ аз итоати Худо мебошад. Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят шудааст, ки чунин фармуд: “Расули Худо (с) бадгуфтор ва бадкирдор набуданд ва мефармуданд: “Аз ҷумлаи беҳтаринҳои шумо касоне ҳастанд, ки ахлоқашон некутар аст”. (Муттафақун алайҳ) Дар охират ононро барои тамоми суханонашон Худованд бозпурсӣ мекунад. Чунончи Худованд мефармояд: Одамӣ сухане ба забон намеорад, магар он ки нигоҳбоне назди ӯ муҳайё аст. (Сураи «Қоф», ояти 18) Яъне агар калимаи ҳақ бошад, фариштаи дасти рост менависад ва агар калимаи ботил бошад, фариштаи дасти чап менависад. Пас бояд мӯъмин дар мавриди забонаш ҳамеша андеша кунад. Дар ҳадисе Муъоз аз Расули Худо (с) пурсиданд: «Маро аз амале хабар деҳ, ки анҷоми он маро дохили ҷаннат гардонад. Пайғамбари Худо (с) дар посух фармуданд: «Забонатро нигаҳ дор». (Ривояти Тирмизӣ)

2017-03-16
2792
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38