مسألة № 00969

Мехоҳам хонадор шавам, духтарҳои бокира зиёданд, аммо як ҳамсинфам бисёр духтари боодоб, ҳунарманд ва исломӣ аст, тарафи бадӣ надорад. Аммо...

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ устод! Мехоҳам хонадор шавам, духтарҳои бокира зиёданд, аммо як ҳамсинфам бисёр духтари боодоб, ҳунарманд ва исломӣ аст, тарафи бадӣ надорад. Аммо як дафъа хонадор шуда ва ҳамсараш ду моҳ пас аз дунё рафтанд. Ростӣ табиатам намебардорад бо духтари бева хонадор шавам. Метарсам, ки меҳраш ба шавҳари пешинааш пойбарҷо бимонад, аммо меҳре маро ба сӯяш мекашад, лекин ошиқаш нестам. Хулоса аз шумо маслиҳат мехоҳам, бо духтари бева хонадор шудан аз назари Ислом ягон фазилат дорад. Илтимос бо далел фаҳмонед! Ногуфта намонад, ки ман якум бор оиладор мешавам.

Саволдиҳанда: Имрон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумо ихтиёр доред, ки бо он ҳамсинфатон оила бунёд кунед, аз нигоҳи шариат бо зани солеҳа ва афифаву покдоман издивоҷ кардан сабаби баракат аст, зеро Пайғамбар (с) ба ин гуна издивоҷ тавсия додаанд. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ҳамсарони Пайғамбар (с) ба ҷуз модарамон Оиша (р) бева буданд. Масъалаи муҳаббат бошад, ба худи ҷонибайн вобаста аст, агар шумо нисбати ӯ муҳаббати самимӣ дошта бошед, аз ҷониби зан ин муҳаббат ҳам бештар хоҳад шуд. 

2017-03-17
4785
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.02.2025

أكثر
الفجر05:29
الظهر12:40
العصر16:24
المغرب18:23
العشاء19:53