مسألة № 00979

Духтароне, ки дар болои нохунҳои дасту пояшон лак мекунанд, дар назди Аллоҳ гунаҳгор мешаванд? Он духтароне, ки нохунҳояшонро дароз мегузоранд, дар Исломи азиз чӣ гуноҳе мегиранд?

مسألة:

Ассалому алайкум. 1. Духтароне, ки дар болои нохунҳои дасту пояшон лак мекунанд, дар назди Аллоҳ гунаҳгор мешаванд? 2. Он духтароне, ки нохунҳояшонро дароз мегузоранд, дар Исломи азиз чӣ гуноҳе мегиранд? 3. Духтарон бо кӯтоҳ кардани мӯи сар ва гузоштани чолка гуноҳ мегиранд ё на? Чунки дар ҳоли ҳозир чунин духтарон бениҳоят зиёд шудаанд.

Саволдиҳанда: Муҳаммадрасул

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, лак молидан дар нохунҳо аз нигоҳи шариат ҷоиз нест, зеро ҳангоми таҳорату ғусл об ба зери лак намерасад. Аммо барои зинат беҳтар аст, ки аз ҳино истифода намоянд, зеро аз назари шаръӣ ҳам дуруст аст ва аз назари тиббӣ дорои манфиат мебошад. 2. Тибқи фармудаи шариат дар давоми ҳафта як бор шустани тамоми бадан ва гирифтани нохунҳои дасту по амри ҳатмӣ ва аз ҷумлаи суннатҳои фитрӣ ва исломӣ ба шумор меравад. 3. Ҳар ороише, ки зан барои шавҳараш анҷом медиҳад, монеъе надорад, вале агар барои ғайри шавҳар бошад, ҷоиз нест.

2017-03-27
2935
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

13.01.2025

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:32
المغرب17:29
العشاء18:59