مسألة № 00988
Чор моҳ пеш кӯдаки хурдсоли ман аз дунё гузашт. Дар ин вақт ман танҳо будам ва тарсидам. Аз ҳамон рӯз ин ҷониб худамро хуб ҳис намекунам, хобҳои даҳшатовар мебинам. Лутфан мегуфтед чӣ кор бояд кунам?
مسألة:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Чор моҳ пеш кӯдаки хурдсоли ман аз дунё гузашт. Дар ин вақт ман танҳо будам ва тарсидам. Аз ҳамон рӯз ин ҷониб худамро хуб ҳис намекунам, хобҳои даҳшатовар мебинам. Лутфан мегуфтед чӣ кор бояд кунам? Хобе дидам, ки дар сари манзили фарзандам рафта дуо мехонам. Ин чӣ таъбир дошта бошад?
Саволдиҳанда: Соҳибхоназан
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, шумо аз ин озмоиши илоҳӣ рӯҳафтода нашавед ва сабр пеша кунед. Барои рафъи ваҳму тарсатон сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ” ва сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро хонда бар худ бидамед ва ё дар об хонда, бинӯшед, иншоаллоҳ шифо хоҳед ёфт. Хоби дидаатон таъбири нек дорад, аз ин рӯ, ошуфтахотир нашавед. Худованд тифли фавтидаатонро дар рӯзи охират шафоатхоҳи шумо гардонад.