مسألة № 00989

Мегуфтед, ки дар моҳи Раҷаб рӯза гирифтан чӣ қадар аҷру савоб дорад ва дар кадом рӯзҳои ин моҳ бояд рӯза гирем.

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Мегуфтед, ки дар моҳи Раҷаб рӯза гирифтан чӣ қадар аҷру савоб дорад ва дар кадом рӯзҳои ин моҳ бояд рӯза гирем. Аз Шумо хоҳиш дорам, ки пурра фаҳмонед. Тибқи солшумории мелодӣ ин моҳ кай медарояд? Раҳмат ба Шумо устодони азиз.

Саволдиҳанда: Шарифбек

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, рӯза гирифтан дар моҳи Раҷаб аз ҷумлаи рӯзаҳои нофила аст. Рӯза гирифтан ибодати бисёр бузург аст, чунончи дар ҳадис омадааст, ки Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “Ҳар касе як рӯз дар роҳи Худо рӯза дорад, Худованд рӯи ӯро аз оташи дӯзах ҳафтод сол дур медорад” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Агар фарде дар ин моҳ рӯза медорад, мувофиқи ихлос ва эътиқодаш аз даҳ то ҳафтсад дараҷа ва аз он зиёд савоб мегирад. Ба ҷуз моҳи Рамазон дар ҳар моҳе, аз ҷумла дар моҳи Раҷаб се рӯз рӯза гирифтан амри мустаҳаб ба шумор меравад, зеро Расули Худо (с) аз ҳар моҳе се рӯзро рӯза медоштанд. Афзал ин аст, ки ин се рӯз рӯзҳои 13-ум, 14-ум ва 15-уми моҳ бошад. Аз Абӯзар (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) ба ӯ фармуданд: “Вақте ки аз моҳ се рӯз рӯза гирифтан хоҳӣ, пас дар рӯзҳои сездаҳум, чордаҳум ва понздаҳум рӯза бидор” (Ривояти Тирмизӣ). Ба ғайр аз рӯзҳои зикршуда низ рӯза гирифтан дар ин моҳ аҷру подош дорад. Аввали моҳи Раҷаб ба рӯзи чоршанбе - 29-уми март рост меояд. 

2017-03-30
4209
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43