مسألة № 00099

Оё пойҳоро нашуста аз болои ҷўроб масҳ кашидан мумкин аст?

مسألة:

Домуллои муҳтарам, илтимос ба мо мегуфтед, ки баъзе одамон дар вақти таҳорат кардан пойҳояшонро аз болои ҷўроб (наскӣ) масҳ мекашанд. Оё пойҳоро нашуста аз болои ҷўроб масҳ кашидан мумкин аст? саломат бошед.

Бо эҳтиром Бахтиёр аз ш Кулоб

إجابة:

Барои масҳ кашидани болои ҷўроб уламои мазҳаби ҳанафӣ чунин шартҳо гузоштаанд:

1. Ончунон мустаҳкам бошад, ки агар як фарсах (5-6 км) ё бештар роҳ рафта шавад, фарсуда ва пора нагардад ва чунон ғафс бошад, ки пой намудор нашавад ва бидуни бастан дар пой устувор бимонад.

2. Агар чунин мустаҳкам набошад, бояд зеру болояш аз пўст бошад ё аз намад сохта шуда бошад.
Бинобар ин, дар наскиҳои феълӣ масҳ кашидан ҷоиз нест.

(“Табйинул-ҳақоиқ”, ҷ. 1, с. 52).

2015-06-17
5295
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43