السؤال و الجواب
02257:
Ман бо оилаам муддати ҳашт сол зиндагонӣ намудем ва соҳиби ду духтарча ҳастем. Рўзе байнамон ҷанҷол шуд. Падари оилаамро даъват намуда, ба ў фаҳмонидам, ки духтаратон ҳурмати модарамро ба ҷо намеорад. Аммо падараш модарамро “бевазани бесаркалон” гуфта ба ман хитоб кард, ки “ё модарат, ё духтарам”. Ман се талоқаш додам. Он вақт оилаам панҷмоҳа ҳомила буд, пас аз чор моҳ писар ба дунё омад. Ман чӣ бояд кунам?
فئة:
Хонавода02252:
.Солҳои мактабхониям тариқи сабақгирӣ каму беш хондани Қуръонро омўхта будам. Имрўзҳо ҳам аз рўйи ҳамон донишҳои андўхтаам каму беш сураҳои Қуръонро (пурра ё қисман) хонда меистам. Аммо аз сабаби ба хубӣ огаҳ набудан аз илми таҷвид дар баъзе ҷойҳо ба мушкилӣ рў ба рў мешавам. Бисёр мехоҳам, ки илми таҷвидро ҳадди ақал дар сатҳи заминавӣ омўзам. Оё дар ягон муассисаи шаҳри Душанбе (мактаби махсус, маркази омўзишӣ ва монанди онҳо) тадриси таҷвиди Қуръон расман ба роҳ монда шудааст?
فئة:
Масоили фиқҳӣ02249:
Ман муддати се сол бо духтаре дар фотиҳа будем. Байни мо ягон нофаҳмие вуҷуд надошт. Падару модарашро эҳтиром мекардам. Аммо онҳо вақти наздик шудани тўй найранге бофта, ўро аз ман ҷудо карданд. Гўй аз ман беҳтару болотарашро ёфтаанд. Ин корашон бисёр аламовар буд, онҳо дили маро ранҷонданд. Оё онҳо муртакиби гуноҳ шудаанд?
فئة:
Хонавода