الصفحة الرئيسية الأخبار Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
2015-10-06
7559

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти мутахассиси пешбари Раёсати фатво, донишманди шинохта, Гадоев Мирзошоҳ алайҳирраҳма изҳори ғаму андӯҳ намуда, ба аҳли хонавода ва тамоми дӯстону шогирдони марҳум тасаллият ва сабри ҷамил арза медорад.

Марҳум Гадоев Мирзошоҳ аз соли 2004 инҷониб дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа ба донишҷӯён сабақ меомӯхтанд ва ҳамзамон аз соли 2010 то вақти вафоташон дар Раёсати фатвои Маркази исломӣ ба ҳайси мутахассиси пешбар фаъолият мекарданд. Дар тӯли фаъолияти худ домулло ҳамчун шахси ботақво ва дорои ахлоқи волои инсонӣ шуҳрат ёфта, дар миёни ҳамкорону ҳампешагон ва шогирдон обрӯ ва эҳтироми хоссе доштанд. Марҳум ҳамеша шогирдонро ба омӯзиши илму ҳунар ба одобу ахлоқи шоиста тарғиб мекарданд ва худашон дар илму тақво ва қаноату парҳезгорӣ намунаи барҷаста буданд.

Раёсати Шӯрои уламо бори дигар ба аҳли хонавода ва ҳамаи дӯстон ва ихлосмандони марҳум изҳори тасаллият намуда, аз Худованд масъалат дорад, ки рӯҳи домуллоро шод, қабрашро пурнур ва ҷойгоҳашро биҳишти ҷовидон гардонад. Омин, ё Раббалъоламин.

وقت الصلاة في طاجيكستان

10.06.2025

أكثر
الفجر03:20
الظهر12:40
العصر17:56
المغرب19:57
العشاء21:27
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر