Ҳамдигарро бар кори хайр кӯмак бояд кард
Имрӯз имомхатиби масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби ш. Душанбе Беҳрӯз Сатторов дар хутбаи намози ҷумъа оиди мавзӯи «Муборизаи беамон алайҳи салафия» суханронӣ намуд. Мавсуф дар бораи пайдоиши гурӯҳи салафия ва паёмадҳои он дар ҷомеа ёдовар шуда, зикр намуд, ки гаравидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо боиси парешон гардидани ваҳдати мардум ва фароҳам омадани заминаи фитнаву нооромӣ дар байни мусулмонон мегардад. Номбурда бо истинод ба ояти қуръонӣ мардумро ба пайравӣ аз корҳои хайру накӯ тарғиб намуда, аз падидаҳои номатлуб ва хатарзо ҳушдор дод.
Дар анҷоми хутба Б. Сатторов аз кори хайри сокини ноҳияи Ғончӣ Норбибӣ Дӯстмуродова ёдовар шуд, ки миқдори 105 ҳазор сомонии худро барои сохтмони купрӯк сарф кардааст. Намозгузорон барои амали хайру саховатмандонаи ин зани некӯкор ба даргоҳи Худованд дуои нек карданд.
Хутбаи ҷумъа бо дуои якҷояи намозгузорон дар ҳаққи мардуми кишвар анҷом ёфт.
أخبار أخرى
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


