Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо њайъати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рўзи 16-уми январи соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ҳайати шахсии ин ниҳод баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм, ҳамчунин пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро мавриди суҳбат қарор гирифт.
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки ифротгароӣ ва терроризм як неруи вайронгари тафаккури инсон ва ҷисму ҷони вай буда, бояд ба муқобили он муборизаи беамон бурд.
Зимни баромади худ Раиси Шўрои уламо қайд намуданд, ки экстремизм ва терроризм, ки дар зери пушишҳои ислом амал мекунанд, ҳељ иртиботе ба ислом надошта, нерӯи харобкунандаи ақл ва бадани инсонанд ва ба мубориза алайҳи ин зуҳурот даъват карданд.
Инчунин иброз намуданд, ки мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок бе роҳандозии корҳои таблиғотӣ маъно надорад. Бояд асли Ислом ва ҳадафи ин гуна гурӯҳҳои тундравро ба мардум расонд. Воситаҳои мухталифи таъсиррасонро бояд истифода кард. Яке аз ин роҳҳо муколама бо мардум аст, бо роҳҳои суолу ҷавоб метавон ҳадафи тундравонро фаҳмонд ва аз вуруди ҷавонону наврасон ба сафи онҳо ҷилавгирӣ кард. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд дар тарбияи ҷавонон ва нобудсозии чунин зуҳуроти харобиовар ба монанди экстремизм ва терроризм саҳмгузор бошем.
Раиси Шўрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода дар суханронии худ ҳамчунин дар бораи корҳои анљомдодаи Шӯрои уламои кишвар дар мавриди ба ҷавонон расонидани арзишҳои аслии Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ, равона сохтани онҳо ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва дурӣ аз ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав қайд карданд. Вай ҳамчунин ба як сислила барномаҳое низ ишора кард, ки Шӯрои уламо барои расидан ба ин ҳадафҳо онҳоро амалӣ месозад.
أخبار أخرى
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


