Зиёрати хонаи Худо ифтихори миллат аст
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Тибқи иттилои манобеи хабаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафарашон ба Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷҷи умра ва зиёрати хонаи Худоро ба ҷо оварданд. Зимни ин зиёрат бо инояту лутфи Худованд ва таваҷҷуҳу қадрдонии Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дохили хонаи Худо ворид шуда, ду ракъат намоз гузориданд ва барои кишвари азизамон ва мардуми шарифи он дуои хайр карданд. Дар ин маросими зиёрат ҳамроҳ бо Пешвои миллат чанде аз аҳли хонавода ва пайвандони ӯ, ҳамчунин дар қатори дигар шахсони расмӣ Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррами Абдулқодирзода низ ҳузур доштанд. Ин хабари хуш ва масарратбахш гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик дар зери роҳбарии Президенти кишвар, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди лутфу эҳсони банданавозонаи Худованди меҳрубон қарор дорад. Аз Парвардигори олам умед дорем, ки ин зиёрат ва дуову ниёзҳоро ба даргоҳи хеш пазируфта, ба кишвари мо ва мардуми шарифу сарбаланди он назари раҳматашро ҳамеша ва бардавом бидорад.