الصفحة الرئيسية الأخبار МУРОҶИАТНОМАИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР

МУРОҶИАТНОМАИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР

МУРОҶИАТНОМАИ  ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР
2021-03-31
5108

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Мардуми шариф ва сарбаланди Тоҷикистон огоҳанд, ки пандемияи Ковид-19 саросари ҷаҳонро фаро гирифта, садҳо ҳазор одамон қурбонии ин бемории даҳшатафкан гаштанд. Дар қатори дигар давлатҳо ин беморӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сироят намуда, иддае аз мардум мубталои беморӣ гаштанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар бемории Ковид-19 ғалаба карда шуда, аз 1 январи соли 2021 то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо дар дигар давлатҳо вазъият ҳамоно нигаронкунанда мебошад. Ҳамарӯза аз воситаҳои ахбори омма огоҳӣ меёбем, ки дар аксар кишварҳо мавҷҳои нави шиддатнокии бемории коронавирус пайдо шуда истодаанд. Чораҳои асоситарини пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории Ковид-19 ин эмгузаронӣ (ваксинатсия, иммунизатсия) мебошад.

Саломатӣ неъмати беҳтарине мебошад, ки Худованд ба инсон ато намудааст. Имом Тирмизӣ аз Абўҳурайра (р) ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Аз ҳама неъматҳое, ки ба инсон дода шудааст, чизи аввале, ки дар рўзи ҷазо Худо аз бандааш мепурсад ин аст, ки оё ман ба ту тани сиҳат ато накарда будам?».

Шариати ислом инсонро ба дастболо шудан бар беморӣ водор мекунад. Дар робита ба ҳифзи ҳаёти инсон, мо дармеёбем, ки шариат моро ба суроғи дармон барои беморӣ ва ҷустани ҳар як роҳи имконпазир барои даст ёфтан ба ин ҳадаф водор мекунад. Ин маъноро дар гуфтаҳои Паёмбар (с) пайдо кардан мумкин аст, ки фармуданд: “Бандаи Худо, барои бемории худ дармон биҷўй, чун Худо дардеро бидуни дармон наофаридааст. Нафароне ҳастанд, ки онро медонанд ва нафароне ҳастанд, ки аз он огоҳ нестанд”. Таҷрибаи илмӣ ва таҳқиқоти тиббӣ матлаби ин ҳадисро тасдиқ мекунад. Мо аз ин ҳадис истидлол мекунем, ки ҳеҷ гоҳ набояд аз пайдо кардани дармон барои ҳар гуна беморӣ навмед шавем. Олимон ва табибон имрӯз давои бемории Ковид-19-ро кашф намуданд ва айни ҳол дар тамоми кишварҳои ҷаҳон эмгузаронӣ (ваксинатсия) гузашта истодааст.

Мақсади эмгузаронии инсонҳо, новобаста ба пир ё ҷавон будани онҳо, аз масуниятдор кардани бадани онҳо алайҳи бемориҳои муайяни сироятӣ мебошад. Дар ҳақиқат масуниятдор кардан яке аз омилҳое мебошад, ки баданро қавӣ намуда, онро барои мубориза ба муқобили беморӣ қодир месозад.

Шариат инсони солим ва зебоиро тавсиф намуда, ба истифодаи доруву дармон даъват менамояд, ба дарёфти дармон барои бемориҳо водор месозад ва инсонро аз анҷоми ҳар амале, ки ба бадани худ ва дигарон метавонад зарар расонад, боз медорад. Чунин таълимот дар оятҳои қуръон ҷой карда шудааст:

“Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва накўкорӣ кунед! ҳамоно Худо накўкоронро дўст медорад. ( Сураи “Бақара”, оят 195).

Ин матлаб инчунин дар суханони Паёмбар (с) инъикос ёфтааст, чунончӣ ў мефармоянд: “Дар назди Худо муъмини қавӣ нисбат ба муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст.”

Паёмбари гиромии Ислом (с) мефармоянд: «Ба худ зиён овардан ва ба дигарон зиён расонидан раво нест». (Ривояти Ибни Моҷа ва Дорақутнӣ). Ин ҳадис чунин маъно дорад, ки моро шариат ба дур будан аз ҳар чизе, ки ба мо ва дигарон зарар мерасонад, амр кардааст.

Эмгузаронӣ ба муқобили бемориҳо дар робита ба ҳифзи ҳаёт ба воситаи муҳофизат намудани он аз хавфу хатари беморӣ ба шариат мувофиқ аст. Вақте ки аз нигоҳи шариат ба эмгузаронӣ назар кунем, аҳамияти он зоҳир мегардад, чунки ҳар чизе, ки инсонро аз зарар эмин медорад, онро шариат мутобиқи қоидаи ҷилавгирӣ аз зарар ҳатман тақозо менамояд.

Чун инсон бояд аз зарар худдорӣ намояд, мувофиқи шариат ва мантиқ, аз инсон тақозо карда мешавад, ки ў зарарро пешгирӣ намояд ва тамоми роҳҳоро ба сўи он бибандад. Яке аз воситаҳои боздории зарар аз ворид шудан ба бадани инсон ва ранҷур сохтани он эмгузаронӣ ба шумор меравад, чунончи мақомоти ҳифзи тандурустӣ ба аъзоёни ҷомеа тавсия медиҳанд.

Баъзе инсонҳо вокуниши ғайрифаъолро ба даъвати ба эмгузаронӣ бо баҳонаи он, ки баъзе доираҳои хориҷӣ ба воситаи эмгузаронӣ мехоҳанд ба мардум зарар расонанд, тарғиб мекунанд. Ин сароҳатан муносибати ғалат аст, ки аз саъйю талоши хидмат ба манфиатҳои беҳтарини мардум ва ҷомеаҳо ҷудо мебошад. Чунин муносибат ба яке аз ду сабаб ишора мекунад: ин ё натиҷаи ҷаҳолат ва нодонии аҳкоми шариат аст, ё ин ки натиҷаи адами огоҳӣ аз оқибатҳои хатарноки вогузорӣ ва тарки эмгузаронӣ.

Табибон ва коршиносони соҳаи тиб таъкид менамоянд, ки ҳамаи ваксинаҳо таҳти назорати созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони байналмиллалии тандурустӣ қарор доранд ва аз ҳама гуна санҷишҳо гузаштаанд.  

Тибқи нишондоди коршиносони соҳаи тиб напазируфтани эмгузаронӣ оқибатҳои хатарнок хоҳад дошт. Бадани шахсоне, ки эмгузарониро рад мекунанд, муқовимат ба бемориҳои сирояткунанда, ки аз ҷониби ваксинаҳо пешгирӣ мешаванд, надоранд. Бисёр одамон ба бемориҳое мубтало мешаванд, ки онҳоро бо ваксинаҳо пешгирӣ кардан мумкин аст. Бемории сироятии Ковид-19 аз ҷумлаи бемориҳое мебошад, ки барои ҳаёти инсон хатарнок маҳсуб меёбад.

Айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавҷуд будани хавфи сироятёбӣ ба навъҳои дигари бемории Ковид-19 ва пешгирии мавҷҳои нави шиддатнокии ин беморӣ ваксина дарёфт намуда, дар саросари кишвар нуқтаҳои эмгузаронӣ (ваксинатсия) ташкил намудааст.

Дар ин раванд Раёсати Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардуми шарифи кишвар даъват менамояд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён ҳар як шахси ватандӯсти оқил, дар навбати аввал шахсони калонсол бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, бетаъхир, таъҷилан аз эмгузаронӣ (ваксинатся) гузаранд.

Эмгузаронӣ (ваксинатсия) ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст. Агар ба ин масъала бепарвоӣ намоем, оқибати ногувор дорад!

 

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ

29.03.2021

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر