الصفحة الرئيسية الأخبار Ҳар сол, рӯзи 24-уми ноябр, мо дар кишвари азизамон Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро, ки муқаддасоти миллӣ-давлатӣ ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ҷашн мегирем.

Ҳар сол, рӯзи 24-уми ноябр, мо дар кишвари азизамон Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро, ки муқаддасоти миллӣ-давлатӣ ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ҷашн мегирем.

Ҳар сол, рӯзи 24-уми ноябр, мо дар кишвари азизамон Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро, ки муқаддасоти миллӣ-давлатӣ ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ҷашн мегирем.
2021-11-24
2796

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

Ҳар сол, рӯзи 24-уми ноябр, мо дар кишвари азизамон Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро, ки муқаддасоти миллӣ-давлатӣ ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ҷашн мегирем.

Парчам, ки бо номҳои байрақ ва ливо миён мардуми мо маъруф аст, дар таърихи Ислом падида ё рӯйдоди бегона нест. Яке аз хусусиятҳои хоси он муттаҳидию сарҷамъии мардуми як давлат баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Яъне иттиҳоду сарҷамъӣ муҳимтарин рамзи Парчами давлатӣ аст. Иттиҳоду сарҷамъӣ дар дини мубини Ислом низ мавқеи хос дорад. Тавре дар ояти 103-юми сураи Оли Имрон мехонем: “Ва шумо ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед...”. Яъне, парокандагиву тафриқа аз амалҳоест, ки шариати исломӣ онро мазаммат кардааст. Аз ин назар, миёни мо мусулмонони Тоҷикистон парчам мавқеъ ва ҷойгоҳи хос дорад. Таҳқир ба парчам ё ливои давлатдорӣ ин таҳқир ба миллат аст. Душманон дар баробари кўшиши нест кардани забон, фарҳанг, маданият, урфу одат тамоми қувваро баҳри он равона мекунанд, ки парчамро низ аз байн баранд. Зеро нест кардани парчами миллӣ нишонаи шикасти давлатдорӣ ва фоҷиаи миллӣ ба ҳисоб меравад.

Парчам дар ҳақиқат рамзи иттиҳоду сарбаландӣ мебошад. Он ҳисси ифтихори ватандорӣ, шинохти миллӣ, соҳибдавлатию соҳибмулкии тамоми хурду бузурги мамлакат аст.

Муҳимтарин рамзи парчам ин сарҷамъии миллат аст. Ҳоло вақти он аст, ки мо бо ифтихори бузурги ватандорӣ, бо нангу номус, бо меҳнати ҳалол дар зери ҳамин парчаме, ки ҳар як ранги он нишонаи ормонҳои ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо мебошад, аз ҳарвақта бештар муттаҳиду сарҷамъ гардем. Фарзандону пайвандон ва насли ояндаро дар руҳия эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, махсусан Парчами давлатӣ тарбия намоем. Суннату анъанаҳои парчамдориамонро ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Имрӯз ба ҷой овардани эҳтироми Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро такроран таъкид мешавад, ки парчам як рамзи хоссаи Истиқлол, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст. Ба қавли роҳбари давлат Пешвои миллат Парчами миллии мо “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” аст.

وقت الصلاة في طاجيكستان

03.04.2026

أكثر
الفجر04:39
الظهر12:40
العصر16:53
المغرب18:59
العشاء20:29
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди сайиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди сайиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر

A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: Unknown: open(/var/www/shuroiulamo.tj/data/mod-tmp/sess_nf25nv57nva1dgv1qdqqnkhb42, O_RDWR) failed: No space left on device (28)

Filename: Unknown

Line Number: 0

A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: Unknown: Failed to write session data (files). Please verify that the current setting of session.save_path is correct (/var/www/shuroiulamo.tj/data/mod-tmp)

Filename: Unknown

Line Number: 0