الصفحة الرئيسية الأخبار ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШЎРОИ УЛАМО САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШЎРОИ УЛАМО САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШЎРОИ УЛАМО САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ
2023-03-29
2413

Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҳайати гурўҳи корӣ ҷиҳати иштирок дар кори конфронси байналмилалии илмию амалӣ зери унвони “Мероси таърихию маънавии Ислом ҳамчун омили ягонагии халқҳо”, ки 23-юми ноябри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардида буд, сафари корӣ анҷом доданд.

Ҳадафи конфронси мазкур бозгў намудани ҳақиқати таълимоти дини мубини Ислом ҳамчун дини сулҳпарвару ба ҳамоварандаи мардум буд. Дар кори конфронси мазкур олимону донишмандони соҳа ва муфтиҳо аз 17 кишвар ширкат ва суханронӣ намуданд.

Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода дар чорабинии мазкур дар мавзӯи ««Нақши Ислом ва динҳои анъанавӣ дар ваҳдати халқҳо» суханронӣ намуданд. Зимни баромади худ қайд намуданд, ки дини мубини Ислом дар ҳар асру замон тарафдори адолат, раиятпарварӣ, раҳму шафқат ва ҳамзистии ҳамаи миллатҳо мебошад.

Баъд аз анҷоми конфронс бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург вохўрии ҳайати гурўҳи корӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаҳои гуногуни шаҳри Санкт-Петербург таҳсил менамоянд, ҳамзамон мулоқот бо Шӯрои ҳамоҳангсози тоҷикон ва фаъолону диаспораҳои тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург анҷом дода шуданд. Мавзўи мулоқот – дўстиву донистани қадри ҳамдигар, нагаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ, хусусан ТЭТ ҲНИ пайравӣ кардан аз мазҳаби ҳанафӣ ва арҷ гузоштан ба қонунҳои давлати Россия буд. Раиси Маркази исломӣ аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки ба якдигар дўст бошанд ва баҳри якдигарфаҳмӣ ҷидду ҷаҳд намоянд. Онҳоро ба касби ҳалол, садоқату ростӣ, худдорӣ аз исрофкорӣ ва пайваста бохабар будан аз вазъи падару модар ва зану фарзандони худ, ки дар Тоҷикистон ҳастанд ва чашм ба роҳи онҳоянд, таъкид намуданд.

Дар мулоқот бо диаспорҳои тоҷик Раиси Маркази исломӣ ва ҳайати гурўҳи корӣ аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони ш. Санкт-Петербург барои дастгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин минтақа ба кору фаъолият машғуланд, миннатдорӣ намуда, доир ба дўстию дастгирии якдигар дар асоси сиёсати пешгирифтаи имрўзаи Пешвои миллат дар бораи муҳоҷирон панду насиҳат намуданд.

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:16
المغرب17:14
العشاء18:44
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر