الصفحة الرئيسية الأخبار Ташрифи Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба қисми ҳарбии 0123 ва Донишкадаи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

Ташрифи Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба қисми ҳарбии 0123 ва Донишкадаи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

Ташрифи Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба қисми ҳарбии 0123 ва Донишкадаи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
2023-05-10
1347

Рўзҳои 4-ум ва 6-уми майи соли ҷорӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба қисми ҳарбии 0123 ва Донишкадаи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ташриф оварданд ва бо хизматчиён, наваскарон ва донишҷўён мулоқот анҷом дода, инчунин барои онҳо маводи хўрока тақдим намуданд. 

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки зимни мулоқот Раиси Шўрои уламо ба наваскарон ва донишҷўён онҳоро ба хидмати содиқона, донишандўзӣ ва азхуд кардани нозукиҳои техникаҳои ҳарбӣ ва ҳифзи марзу буми ватан даъват намуда, қайд карданд, ки аввалан, шукронаи Худованди мутаъолро мекунем, ки барои ҳар яки мо тани сиҳат ва зиндагӣ дар сарзамини боамну офият ато намудааст ва мо дар фазои осоишта зери сиёсати созандаву инсондўстона ва ваҳдатбахшу суботовари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият мекунем. Имрўз мо   шукр  мекунем, ки ҷавонмардони мо ихтиёран барои  хидмат ба Ватан  рафта дар сафи қувваҳои  мусаллаҳ марзу  буми Тоҷикистони азизро  ҳимоя  мекунанд. 

Мо борҳо иброз доштаем, ки ҳифзи Ватан дар таълимоти Ислом аз ҷойгоҳи муътабаре бархӯрдор аст.  Дар таълимоти шариат ибораи маъруфе мавҷуд аст, ки дӯст доштани Ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дӯст доштани ватан аз имон аст. «Ҳуббу-л-ватан» дӯст доштани Ватан аст, муҳофизати Ватан аст, хизмати Ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва ростӣ аст.

Шумо ҷавонони азиз бо адо намудани хизмати ҳарбӣ,  ҳимояи марзу буми Ватан ва тинҷиву осудагии мардум ҳам қарзи шаҳрвандӣ ва ҳам як вазифаи имонии худро анҷом медиҳед. Зеро Худованд фазилати муҳофизони ватанро дар Қуръони карим зикр намуда, бароятон савоби беандоза муқаррар сохтааст.

Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст:  Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд: 1) Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд). 2) Овоз чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол).  3) Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳифз мекунанд).

         Марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.

Ин неъмати тинҷиву осудагие, ки дорем, ба баракати хизматҳои шабонарӯзии шумо барин ҷавонмардони ҷонфидои Ватан -  сарбозони бонангу номус ҳастанд, ки  барои осудагии мо сина сипар мекунанд. Ба қавли шоир:

То бихобад миллате осуда дар болини ноз,

Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.

         Воқеан, хеле кори бошарафона ва ҷавонмардона аст, вақте инсон барои ҳимояи нангу номусаш, барои ҳимояи хонаи ободаш, ки Тоҷикистон аст, иқдом мекунад. Имрӯзҳо, ки даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар давом дорад, мо аз тариқи телевизион мушоҳида мекунем, ки ҷавонмардони бағайрату баномуси мо ба даъвати Модар-Ватан лаббайк мегӯянд.

Дар охири мулоқот Раиси Шўрои уламо изҳор намуданд, ки бо истифода аз ҳамин фурсат, дасти дуо мебардорам ва аз даргоҳи Худованд барои ҳамаи шумо наваскарон тану ҷони солим, ақли расову зеҳни гиро ва хизмати содиқона ба манфиати миллату давлатро орзу менамоям.

        Донишкадаи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:16
المغرب17:14
العشاء18:44
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر