Иштироки Раиси Маркази исломӣ дар вохўрӣ бо сокинон ва фаъолони шаҳри Ҳисор
Рўзи 11-уми майи соли ҷорӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода - Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар доираи «Нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2023» ба шаҳри Ҳисор сафари корӣ анҷом доданд. Дар кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор вохўрӣ бо сокинон ва фаъолон дар мавзўи «Маърифати оиладорӣ - рукни муҳими фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Раиси Маркази исломӣ дар мавзўи «Оила дар меҳвари анъанаҳои миллӣ, ахлоқ ва қонун» баромади пурмуҳтаво намуданд.
Мавсуф қайд намуданд, ки воҳиди асосии ҷомеа оила аст. Пеш аз ҳама ҳамсарон ва тамоми аъзоёни як оила нисбати якдигар бояд ҳисси муҳаббат ва эҳтиром дошта бошанд. Муҳаббати дар оила пайдошуда бо гузашти замон дар ҳар қисми ҷомеа паҳн мешавад ва дар натиҷа ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа оромӣ ва хушбахтӣ ҳукмфармо мегардад.
Аз ҷумлаи унсурҳои асосии пойдории оила муҳаббати тарафайн мебошад. Муҳаббати зану шавҳар бояд ошкор ва самимӣ баён карда шавад. Агар дар оила муҳаббат набошад, эҳтиром дида нашавад, нисбати ҳамдигар суханони пасту баланд гуфта шавад, пас пояҳои оиладорӣ суст ва эҳтимоли ҳар гуна хиёнат дар муҳити оиладорӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Чун оила аз назари дини мубини Ислом муқаддас аст, пас барои пойдорӣ ва мустаҳкам намудани он ҳама саъю талошро анҷом бояд дод.
Асоси муносибатҳои оилавиро тарбияи шоистаи фарзандон ташкил медиҳанд. Оила яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаю давлат ва парваришгоҳи аслии насли башар маҳсуб мегардад ва аз нигоҳи дини мубини Ислом, оила на фақат асоси зиндагии иҷтимоӣ, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст.
Дар ин вохўрӣ Рўдобаи Мукаррам - Раиси Кумитаи иҷроияи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Қосим Роҳбар – Раиси шаҳри Ҳисор низ иштирок ва суханронӣ намуданд.